эълонҳо ва навигариҳои сомона

ЭЪЛОН: РЕЙТИНГИ 1-УМИ СЕМЕСТРИ АВВАЛИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2019-2020

 
Алишер Ҳафизов rasmi
ЭЪЛОН: РЕЙТИНГИ 1-УМИ СЕМЕСТРИ АВВАЛИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2019-2020
Алишер Ҳафизов - Thursday, 17 October 2019, 2:18 PM dan
 
           Ба саҳми донишҷӯёни курсҳои якум, дуюм ва сеюми низоми таҳсилоти фосилавӣ расонида мешавад, ки аз санаи 28.10.2019 соати 00:01 то санаи 03.11.2019 соати 23:59 супоридани РЕЙТИНГИ 1-УМИ СЕМЕСТРИ ЯКУМ (имтиҳони марҳилаи 1) оғоз мегардад. Саволномаҳои рейтингӣ дар қисмати маводҳои фан дар мавзӯи (ҳафтаи) 8-уми фанҳои мухталиф ҷойгир аст. Барои супоридани рейтинг фақат ЯК маротиба имконият дода мешавад. Супоридани рейтинг ба таври фосилавӣ (on-line) тавассути интернет аз ҷойи истиқомат, кор, интернет кафеҳо ва ғайра сурат мегирад. Донишҷӯёне, ки компютери шахсӣ надоранд аз компютерҳои маркази таҳсилоти фосилавии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз соати 8.00 то 16.00 метавонанд истифода баранд.